Имрӯз, 31 октябри соли равон вохурии маҷозии Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд сурат гирифт.
Маврид ба тазаккур аст, ки миссияи маҷозии Бонки Осиёии рушд бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо роҳбарии Себел Вонг – мутахассиси соҳаи тандурустии Бонки Осиёии рушд, Чарлс Санчес Симбилио – таҳлилгари хурди Бонк ва инчунин доираи васеъи намояндагони Бонки Осиёии рушд санаи 29 октябри соли ҷорӣ оғоз ёфта буд.

Дар раванди вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар бахши тандурустӣ изҳори хушнудӣ зоҳир намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо миссияи навбатии Бонки Осиёии рушд Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумла таъкид намуд, ки; “Амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ин самт аз ҷамкориҳои густурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд маҳсуб меёбад”.

Дар навбати хеш ҳайати миссияи Бонки Осиёии рушд аз густариши ҳамкориҳои судманди Бонк ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, дар зимн аз амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва раванди амалигардии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ин самт баҳои баланд доданд.
Дар раванди вохӯри ҷонибҳо аз ҳолати хотимаёбии татбиқи Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин натиҷагирӣ намуда, ҳолати иҷроиши татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Дарвоз, Данғара ва Айниро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарпарастии Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, соли 2024 дар заминаи ҳамкориҳои судманд созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба имзо расида, раванди амалисозии он дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ низ оғоз шудааст.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи сатҳи баланди Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалӣ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва лоиҳаи маблағгузории иловагӣ итминон зоҳир намуда, нақши муҳим доштани чунин лоиҳаҳои сармоягузориро дар рушди соҳаи тандурустии Ҷумҳури Тоҷикистон калидӣ шумориданд.