Home > ХАБАРҲО > Миссияи Бонки Осиёии рушд ба кори худ ҷамъбаст намуд

Миссияи Бонки Осиёии рушд ба кори худ ҷамъбаст намуд

Санаи 31 октябри соли равон баъд аз мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додани раванди амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” миссияи Бонки Осиёии рушд таҳти роҳбарии Себел Вонг – мутахассиси соҳаи тандурустии Бонк тариқи маҷозӣ хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки дар раванди баргузории миссияи навбатӣ доираи васеъи намояндагони Бонки Осиёии рушд бо гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон ва ташкилотҳо таи рӯзҳои 29-31 октябр вохуриву гуфтушунидҳои судманд доир намуданд, ки дар раванди он ҳолати хотима ёфтани татбиқи Лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин, инчунин амалисозии Лоиҳа дар ноҳияҳои нави таҷриавбии Дарвоз, Данғара ва Айнӣ дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар интиҳои фаъолияти миссия, намояндагони Бонки Осиёии рушд аз иҷроиши корҳо дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва лоиҳаи маблағгузории иловагӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати татбиқи босифати Лоиҳа дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ фикру мулоҳизаҳои муфид пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарпарастии Бонки Осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб баҳри боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, соли 2024 дар заминаи ҳамкориҳои судманд созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба имзо расида, раванди амалисозии он дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ низ оғоз шудааст.


Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *