Бо мақсади ифтитоҳи расмии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Дарвоз мизи мудаввар доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” менеҷери лоиҳа Шеравган Сатторов, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, сардорони раёсатҳои Вазорату идораҳои гуногун дар ноҳия, доираи васеъи мутахассисони гурӯҳи татбиқи лоиҳа, сардорони ҷамоатҳо ва инчунин фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Зимни баргузории мизи мудаввар нахуст роҳбарияти ноҳияи Дарвоз вобаста ба вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия маълумот пешниҳод намуда, татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-ро дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ муассир арзёбӣ намуданд.
Дар раванди баргузории чорабинӣ Шеравган Сатторов, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” вобаста ба ҳадафҳои калидии амалигардонии Лоиҳа маърӯзаи муфассал пешниҳод намуд. Зимни баромад зикр шуд, ки аз соли 2019 инҷониб лоиҳа дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ тиббӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин қарор гирифт. Ҳамакнун амалисозии Лоиҳа бо ҳадафҳои мазкур дар 3 ноҳияҳои нави дигар; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ ба кори худ оғоз намудааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2024 дар заминаи ҳамкориҳои судманд созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба имзо расида, раванди татбиқи он дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ то соли 2029 амалӣ хоҳад шуд.
Зимни баргузории мизи мудаввар аз ҷониби намояндагони лоиҳа раванди татбиқ ва ҳадафҳои он муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки Лоиҳа дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ карда мешавад, ки он ҳам; 1. Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои пилотии Лоиҳа. 2. Такмил ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот дар самти ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа. 3. Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа. 4. Идоракунии лоиҳа, мониторинг ва баҳодиҳӣ.
Яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” тариқи сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ аст.
Дар доираи амалигардонии Лоиҳаи мазкӯр дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд дар масоҳати 6 200м2 бо иқтидори 80 кати бистарӣ, дар ноҳияи Дарвоз бошад сохтмони Беморхонаи марказӣ дар масоҳати 5 356м2 бо иқтидори 100 кати бистарӣ (аз ҷумла 20 кат барои беморони аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) муроҷиаткунанда ва дар ноҳияи Айнӣ сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 40 кати бистарӣ (инчунин10 кат хобгоҳ барои занони ҳомила пеш аз таваллуд) ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки баъд аз анҷони корҳои сохтмонӣ иншооти зикршуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Дарвоз, Данғара ва Айнӣ бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, ки ҳадафи аслии он бунёди муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани он, инчунин гузаронидани ислоҳот дар бахши тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва аз байн бурдани мушкилот дар низоми тандурустӣ аст, баҳри таъмини сиҳатии ҷомеа нақши муассир хоҳад дошт.