Чанде қабл бо ҳадафи татбиқи расмии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Данғара мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи Данғара менеҷери лоиҳа Шеравган Сатторов, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, сардорони раёсатҳои Вазорату идораҳои гуногун дар ноҳия, доираи васеъи мутахассисони гурӯҳи татбиқи лоиҳа, сартабибон ва мухатассисони муассисаҳои тандурустӣ, сардорони ҷамоатҳо ва инчунин фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар асоси созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар қатори ноҳияҳои Дарвоз ва Айнӣ ноҳияи Данғара ҳамчун ноҳияи таҷрибавии Лоиҳаи мазкур пазируфта шудааст.
Зимни баргузории мизи мудаввар нахуст роҳбарияти ноҳияи Данғара аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталиф аз ҷумла бахши тандурустӣ сипосгузорӣ байён дошта, вобаста ба вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар раванди баргузории чорабинӣ Шеравган Сатторов, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” вобаста ба ҳадафҳои асосии амалигардонии Лоиҳа маърӯзаи муфассал пешниҳод намуд. Дар суханронӣ аз ҷумла зикр шуд, ки; “соли 2024 дар заминаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ бо мақсади татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба имзо расид, ки бо шарофати он то соли 2029 ноҳияҳои Данғара, Дарвоз ва Айнӣ зери сарпарастии Лоиҳа қарор дода мешаванд. Лоиҳа аз соли 2019 инҷониб дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонии тиббӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин қарор гирифт. Ҳамакнун амалисозии Лоиҳа бо ҳадафҳои мазкур дар 3 ноҳияҳои нави дигар Данғара, Дарвоз ва Айнӣ ба кори худ оғоз намудааст.
Дар баробари сохтмони иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ инчунин, дар доираи амалигардонии Лоиҳа азнавсозии инфрасохтор, сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази тиббӣ (кислород) низ ба инобат гирифта шудааст”.
Маврид ба тазаккур аст, ки зимни татбиқи Лоиҳа ба кусрҳои омӯзиши ҷалб намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва амалӣ намудани барномаҳо дар самти боло бурдани фаърифати тиббии аҳолӣ, инчунин ҷори намудани барномаҳои электронии соҳавӣ ҳамзамон хостмони муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани он низ дар назар гирифта шудааст.

Дар доираи амалигардонии Лоиҳаи мазкӯр дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд дар масоҳати 6 200м2 бо иқтидори 80 кати бистарӣ, дар ноҳияи Дарвоз бошад сохтмони Беморхонаи марказӣ дар масоҳати 5 356м2 бо иқтидори 100 кати бистарӣ (аз ҷумла 20 кат барои беморони аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) муроҷиаткунанда ва дар ноҳияи Айнӣ сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 40 кати бистарӣ (инчунин10 кат хобгоҳ барои занони ҳомила пеш аз таваллуд) ба нақша гирифта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки самтҳои аслии фаъолияти Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак – маблағгузории иловагӣ” ин беҳтар намудани инфрасохтори иншооти соҳаи тандурустӣ тариқи сохтмон, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ барои дастрасӣ ба хизматрасонии босифат ба модарону кӯдакон дар муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешавад, ки тавассути паст шудани нишондоди фавти кӯдакону модарон, баланд шудани индекси саломатии занону кӯдакон, беҳтар гардидани иттилоотнокии аҳолӣ, хусусан модарон оид ба масъалаҳои саломатии худ ва кӯдакон, пешгирии бемориҳо, ғизои солим, кам шудани теъдоди кӯдакони гирифтори норасогии шадиди вазнин ва миёнаи ғизоӣ, баланд шудани сатҳи фарогирии кӯдакон бо иммунизатсия, васеъ шудани чорабиниҳое, ки ба инкишофи бармаҳал ва дахолати бармаҳали кӯдак мусоидат менамояд, дониста мешавад.