Home > ХАБАРҲО > Татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-маблағгузории иловагӣ дар ноҳияи таҷрибавии Айнӣ расман ифтитоҳ гардид

Татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-маблағгузории иловагӣ дар ноҳияи таҷрибавии Айнӣ расман ифтитоҳ гардид

Чанде қабл бо мақсади ифтитоҳи расмии амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- маблағгузории иловагӣ дар ноҳияи таҷрибавии Айнӣ мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудаввар бо иштироки доираи васеъи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, муовинони раиси ноҳия, сардорони раёсатҳои Вазорату идораҳои гуногун дар ноҳия, сардорони ҷамоатҳо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва дигар масъулон баргузор гардид.

Мизи мудаввар ба оғози расмии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки Осиёии Рушд 0957-TAJ (AF)) бахшида шуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи таҷрибавии Айнӣ амалӣ мегардад.

Дар раванди баргузории чорабинӣ Шеравган Сатторов, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” вобаста ба ҳадафҳои калидии амалигардонии Лоиҳа маърӯзаи муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Лоиҳа барои беҳтарсозии инфрасохтори тиббӣ, маҳз дар самти хизматрасонии модару кӯдак, баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ дар масъалаҳои саломатӣ ва таҳкими неруи инсонӣ равона шудааст.

Дар идома, дигар намояндагони Лоиҳа тарҳи сохтмони иншооти нави тандурустиро дар ноҳияҳои таҷрибавии Дарвоз, Данғара ва Айнӣ муаррифӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” тариқи сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ аст.

Дар доираи амалигардонии Лоиҳаи дар ноҳияи Айнӣ сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 40 кати бистарӣ (инчунин10 кат хобгоҳ барои занони ҳомила пеш аз таваллуд) ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз анҷони корҳои сохтмонӣ иншооти зикршуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Дарвоз, Данғара ва Айнӣ бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ тиббӣ бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *