Дар доираи амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” – маблағгузории иловагӣ дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 80 кати бистарӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар асоси шармтнома иҷроиши корҳои сохтмонӣ бар зиммаи ширкати ҶСК “ТГЭМ” вогузор карда шудааст.

Бояд гуфт, ки густарин ёфтани доманаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осёии рушд хоссатан дар самти татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомоти амалии ҳукумати кишвар дар самти нигоҳдошти сиҳатии ҷомеа ва хоссатан занону кӯдакон дониста мешавад.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳадафи аслии фаъолияти Лоиҳаи мазкур беҳтарсозии фарогирии модарон ва кӯдакон бо хизматрасонии маҷмӯии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешавад.

Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз рӯи якчанд қисмат амалӣ карда мешавад, ки ҳадафи аслии он сохтмони иншоот ва бо муовиртарин дастгоҳу лавозимоти тибби таъмин намудани он аст. Лоиҳа аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида соли 2024 оид ба татбиқи лоиҳаи маблаӯгузории иловагӣ дар раванди амалигардии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишнома ба имзо расида минбаъд баҳри ҷорӣ намудани бозсозӣ дар низоми хизматрасонии тиббии ноҳияҳои дигар аз ҷумла Дарвоз, Данғара ва Айнӣ лоиҳаи маблағгузории иловагӣ ҷорӣ шуд.