Home > ХАБАРҲО > ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

Имрӯз, 09 июни соли равон вохӯрии маҷозии гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо намояндагони Бонки Осиёии рушд доир гардид.

Вохӯрии мазкур бо ҳадафи натиҷагирӣ аз татбиқи босивати лоиҳа дар ноҳияҳои тиҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин ва ноҳияҳои нави таҷрибавӣ; Данғара, Дарвоз ва Айнӣ сурат гирифт.

Зимни дидори навбатӣ як қатор масъалаҳо аз ҷумла дастовард ва камбудиҳои дар татбиқи лоиҳа ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба татбиқи босифат ва самараноки лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ гуфтушунид сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки амалигардонии лоиҳа дар 3 ноҳияи таҷрибавӣ; Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳир дар ҳолӣ хотимаёбӣ қарор дошта, амагардонии он дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ бо мақсади мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бароҳ мондани раванди хизматрасонии тиббӣ аз ҷумла бунёди муассисаҳои замонавӣ ва дастрас намудани муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *