Home > ХАБАРҲО > БОЗДИДИ ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА АЗ ИҶРОИ КОРҲОИ ИЛОВАГИИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

БОЗДИДИ ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА АЗ ИҶРОИ КОРҲОИ ИЛОВАГИИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Санаи 10 июни соли равон боздиди навбатии гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз раванди иҷроиши корҳои иловагии сохтмонии муассисаҳои тандурустии ноҳияи таҷрибавии Шамсиддин Шоҳин сурат гирифт.

Зимни сафари корӣ Шеравган Сатторов, менеҷери лоиҳа ва дигар мутахассисони гурӯҳи татбиқи он бо роҳбарияти ноҳия мулоқот анҷом дода, дар якҷоягӣ бо сартабибони муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ва молрасон аз раванди анҷоми корҳои иловагии сохтмонӣ ва ҷобаҷогузории таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ боздид намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар раванди татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ мавриди сохтмони куллӣ қарор дода шуда, иҷроиши корҳои сохтмонӣ ва ҷобаҷогузории таҷҳизоти тиббӣ дар онҳо пурра ба итмом расонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки оғози корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд.

Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *