ВОХӮРИИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО СОФИЯ ШАКИЛ
Санаи 20 августи соли равон мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳирии Тоҷикистон бо София Шакил, директори минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд сурат гирифт. Дар рафти баргузории вохурӣ Ко Сакамото, директори намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳирии Тоҷикистон, Мария Хативада, мутахассиси бонки мазкур, Шерафган Сатторов, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, мутахассисони намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеъи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд. Дар рафти вохурии мазкур ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, хосатан дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири
Read More